Шаби 20-ум ба 21-уми декабри соли 2015 тахминан соати 23:20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ширкати ҶДММ “ОЗУМ”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шуда, бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди куштор дасту пойи посбон, марди 71-солаи сокини шаҳри Душанберо баста, қулфи дари ҷевони оҳанинро шикаста, аз дохилаш 10 ҳазору 370 доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се сокини ноҳияи Рӯдакӣ: марди 25-сола, марди 24-сола ва марди 31-сола, ки охирин, пеш бо моддаҳои 249 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.