Кормандони милитсия марди 67-сола, омӯзгори литсейи-касбии техникӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, боздоштшуда шаби рӯзи 13 январ дар ҳавлии истиқоматиаш бо сабаби муноқишаи оилавӣ, келинаш, зани 32-соларо ба корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷавонзан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.