Давлат Чолови 45-сола, як тан аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки соли гузашта ба сафҳои созмони террористии «Давлати исломӣ» пайваст, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷангҳо алайҳи артиши Башор Асад дар Сурия кушта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба гуфти манбаъ, хешону наздикони Давлат Чолов аз кушта шудани ӯ огоҳ буда, барои ин мотам гирифтаанд.
Давлат Чолови 45-сола, бародари фармондеҳи дар гузашта маъруфи Фронти халқӣ Қурбон Чолов тақрибан 4 моҳ пеш бедарак шуда, он замон овоза шуда буд, ки ӯ ба сафҳои «Давлати исломӣ» пайвастааст.
Моҳи феврали соли 2014 Давлат Чолов зимни парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Ӯ ба ҷалби ҷавонон ба созмони террористии «Давлати исломӣ» айбдор карда шуд. Моҳи декабри ҳамин сол Давлат Чолов ҷарима шуда, ба озодӣ баромад.
Дар гузашта Давлат Чолов дар сафҳои Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон хизмат карда, то рутбаи ҳарбии майор расида буд.