Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 11 январ бинобар сабаби муноқиша бо зани 46-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, занро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху савор карда, ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва сипас лату кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа зани ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас дар об ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.