Ду коргар аз Тоҷикистон ба чоҳи лифти яке аз сохтмони манзилҳои шаҳри Маскав афтодаанд. Дар ин бора
«REGNUM»
бо истинод ба Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи сешанбе, 26 январ дар сохтмони манзил бо суроғаи кӯчаи Ижорская рух дода, ду нафар шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон аз баландии ошёнаи ҳафтум ба чоҳи лифт сарозер рафтаанд.
Бино ба маълумоти
«Интерфакс»
, яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 20 сол доштааст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шудааст.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита зикр кардаанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ва ба беэҳтиётӣ роҳ додани коргарон ба ин ҳодиса сабаб шудааст.
«Федерал Пресс»
хотиррасон мекунад, ки моҳи январ дар чоҳи лифт дар маҷмааи манзилҳои «Алые паруса» як зан ҳалок ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, электромеханики масъул ба хизматрасонии техникии лифт боздошт шуда буд.