Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ ҷангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт Маҳкам Ҷӯраевро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодексии ҷиноии ҶТ (қаллобӣ ба миқдори калон) гунаҳкор кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, гумонбаршуда бар ивази мукофотпулӣ ба маблағи $6 ҳазор ба сокини пойтахт ваъда додаст, ки барои бунёди манзили зист ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад ва ӯро бовар кунонидааст, ки ҳуҷҷатҳои замин ба таърихи гузашта қайд карда хоҳанд шуд. «Кормандони агентӣ ҷангалбонро ҳангоми гирифтани пора дар хонааш дастгир карданд. Зимни кофтуков аз хонаи М.Ҷӯраев ҳамчунин миқдори зиёди варақаҳои холии қарорҳои Шӯрои вакилони мардумии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мӯҳру имзоҳо дарёфт гардида, мусодира шуд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, аз гумонбаршуда ҳамчунин 16 шиносномам шаҳрванди ҶТ ва каме маводи мухаддир низ мусодира гардидааст.
Чангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт барои фуруши замин варақаҳо ва муҳри замони шуравиро истифода бурдааст
Тарҷумаҳо: