Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муддати панҷ моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 883 килою 775 грамм маводи мухадирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 37,7% бештар аст. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ки 856 килою 624 грамм ҳероин мусодира шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта 16,7% бештар аст. Афюн ба миқдори 1 тоннаву 255 килою 819 грамм ва маводи мухаддири гурӯҳи хашхош 771 килою 331 грамм мусодира гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5% ва 94% бештар аст. «Дар давраи мазкур кормандони агентӣ 42 ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ карда, 813 килою 926 грамм маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои панҷ моҳи соли 2007 5,3 маротиба бештар аст», – изҳор дошт манбаъ. Ба қавли намояндаи агентии мазкур, бо назардошти муҳимии масъалаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии трансмиллии маводи мухаддир, агентӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ 4 амалиёти муштараки муваффақона гузаронида шуда, 38 килою 959 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст. «Агентӣ ӯҳдадориҳои вогузоштаро мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба иҷро мерасонад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 15 амалиёти муштараки байнулмилалӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва Қазоқистон гузаронида шудааст, – таъкид сохтанд дар агентӣ. – Аз гардиши ғайриқонунӣ 928 килою 589 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 312 килою 159 грамм маводи ҳероин мусодира гардидааст».
Дар Точикистон тайи панч моҳ ҳудуди се тонна маводи мухаддир мусодира шудааст
Тарҷумаҳо: