Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
– Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ ду нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт карданд.
Аз маркази матбуоти агентӣ хабар доданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо ба миқдори 2 килову
21 грамм
маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.