Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
– Шаби гузашта ду нафар маҳбусон хостанд, аз зиндони шаҳри Хуҷанд гурезанд.
Сарчашмаи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ки соати 3-у 50 дақиқаи шаб маҳбусон мехостанд, аз панҷараи зиндон гузаранд.
«Ин замон онҳоро посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зад», – зикр кард сарчашма.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати боздошти нафари гурехташуда тамоми чораҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ андешида мешаванд.