Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ бародарон Холмурод ва Абдуалӣ Бурҳоновро дар пинҳон кардани молҳо ҷиҳати напардохтани маблағи боҷи гумрукӣ гумонбар донистанд.
Аз дафтари матбуоти агентии мазкур хабар доданд, ки бародарон – сокинони пойтахт моҳи гузашта ба Тоҷикистон тавассути қатора масолеҳи зиёди сохтмонро аз Чин ба Тоҷикистон ворид сохтанд.
«Дар ҳуҷҷатҳо арзиши масолеҳ 4,8 ҳазор доллари амрикоӣ нишон дода шуда буд, вале дар асл он аз 85 ҳазор доллари амрикоӣ бештар буд», – изҳор дошт сарчашма.
Айни замон даст доштани кормандони
хадамоти гумрук дар ин ҷиноят таҳқиқ мешавад.