Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд нашъафурӯшро дар ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.
Аз агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти тафтиши маълумоти фаврӣ, сокини ин ноҳия боздошт гардид, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ халтаи селофанӣ бо моддаи сабзранг дарёфт гардид.
Бино ба иттилои сарчашма, зимни ташхиси он мутахассисони агентӣ муайян сохтанд, ки он маводи нашъаовари ҳашиш буда, 1 килову
2 грамм
вазн дорад.
«Тибқи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба боздоштгоҳи муваққатии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд оварда шудааст», – афзуд сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаш моҳи соли равон 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 952 килову
442 грамм
маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,6% бештар аст.