Конибодом. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии
Конибодом тавсияҳои экологҳои маҳаллиро нодида мегирад. Сармутахассиси шӯъбаи шаҳрии ҳифзи табиат Алиҷон Шехов мегӯяд, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ ё коркард бояд аз ташхиси ҳатмии давлатии экологӣ гузаранд, вале Ҷамъияти саҳомии «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) то ҳол ин нишондодро иҷро накардааст.
«Ҳангоме ки нишондодҳои чандинкаратаи мо иҷро нагардиданд, мо корхонаро тамға зада, фаъолияти онро боздоштанӣ шудем, вале роҳбарони он худсарона ба он итоат накарданд, – таъкид сохт ӯ. – Мо маҷбур шудем, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем ва айни замон онҳо ин қазияро баррасӣ мекунанд».
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал 129 далели ғайриқонунии истифодаи захоири заминӣ, олудасозии обу ҳаво, буридани дарахтон ва ғайра ошкор шудаанд, ки дар натиҷа қонуншиканон ба маблағи 10 ҳазору 390 сомонӣ ҷарима баста шуда, 22 санад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 17 санад ба комиссияҳои маъмурии ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳод гардидааст.
«Моро буридани дарахтон ва қамишзорони соҳили обанбори Қайроққум аз ҷониби аҳолӣ ба ташвиш овардааст, – гуфт ӯ. – Бар асари он моҳиҳои Сирдарё аз макони тухммонӣ маҳрум шуда истодаанд ва барои пешгирии ин ҳодисаи номақбул имрӯзҳо мо бо фаъолони ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон амалиётҳои боздоштӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем».