Шаҳрванди Қирғизистон аз ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар масъалаи озод шудани ӯ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд, зеро ӯ намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Ботканд будааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева бо дархости мазкур ариза навиштаааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.
Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид. Айни замон шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур машғул аст.