spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуҷанд: Маҳкумияти афроди гумонбар ба таҳия ва фурӯши дипломҳои қалбакӣ


Дар шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи шахсоне, ки дар таҳия ва фурӯши диломҳои қалбакии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи нави Русия гумонбар дониста мешуданд, маҳкум гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур судяи суди шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Нормуҳаммедов хабар дод, санаи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳр мурофиаи судӣ нисбат ба ин шахсон ба анҷом расид. Онҳо 8 нафар буда, се нафарашон кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошанд.

Судя зикр кард, ки ҳамаи гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун, аз қабили қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайра гунаҳкор дониста шудаанд.

Ба сокини 54-солаи шаҳри Чкаловск Давлат Давлатов пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 16 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо таъин гардид. Д.Давлатов ҳангоми супурдани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 600 доллари ИМА ба Ҳаким Турдиев барои таҳияи дипломи қалбакии Донишгоҳи нави Русия бо далели шайъӣ боздошт гардид.

Ба сокини 48-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳаким Турдиев, директори ҶДММ «Ахтарони Суғд» пардохти ҷарима дар ҳаҷми 800 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 32 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо таъин гардид. Қаблан соли 2009 ӯ барои қаллобӣ ба муҳлати чор соли зиндон маҳкум гардида буд. Ҳ.Турдиев ба таҳияи дипломҳои қалбакӣ машғул буд.

Ба сокини 60-солаи шаҳри Хуҷанд Нина Каменева пардохти ҷарима дар ҳаҷми 700 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 28 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо таъин гардид. Ӯ ба пур кардани дипломҳои қалбакӣ машғул буд, зеро ҳусни хати зебо дошт. Барои пур кардани ҳар як диплом ӯ 50 сомонӣ маблағ мегирифт.

Ба сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд Валерий Бронников, барномасози филиали Бонки давлатии амонатгузории № 23-и «Амонатбонк» пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 16 ҳазор сомонӣ ҷазо таъин карда шуд. Ӯ ба омодасози дипломҳо дар компютер машғул буд.

Ба сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд Дилбар Тошматова, мудири бойгонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 16 ҳазор сомонӣ ҷазо таъин гардид. Ӯ аз шуъбаи кадрҳои донишгоҳ бланкаҳои дипломҳоро дуздида, ба Турдиев месупорид ва барои ҳар як диплом аз ӯ 75 сомонӣ маблағ мегирифт.

Сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд Мақсадой Солиева, мудири шуъбаи фарҳанги Пажуҳишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз довталаб Б.Д. барои қабул крадани ӯ ба донишгоҳ 700 доллари ИМА маблағ мегирад, вале ба ваъдааш вафо накарда, ин маблағро баҳри эҳтиёҷоти худ масраф месозад. Сипас боз 300 доллари ИМА ва 18 ҳазор рубли русӣ маблағ гирифта, ин дафъа ваъда медиҳад, ки ӯро ба Донишгоҳи нави Русия қабул менамояд. Маблағи мазкурро ӯ барои тайёр кардани дипломи қалбакӣ ба Турдиев медиҳад. Турдиев дипломро бо иштибоҳ тайёр мекунад, яъне санаи таваллудро нодуруст дарҷ месозад. Ба ӯ пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 16 ҳазор сомонӣ ҷазо таъин гардид.

Сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилрабо Солиева, муовини мудир оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз довталаб  барои қабул ба донишгоҳ 800 доллари ИМА маблағ гирифта, вале аз уҳдаи иҷрои ваъдааш намебарояд. Ба ӯ пардохти ҷарима дар ҳаҷми 365 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷазо таъин гардид.

Ба сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқим Рустамов, мудири анбори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд пардохти ҷарима дар ҳаҷми 365 нишондиҳандаи ҳадди ақали  ҳисоб, яъне 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷазо таъин гардид. Ӯ низ аз Турдиев дипломҳои қалбакиро гирифта, чун ҳусни хати зебову хоно дошт, ба пур кардани онҳо машғул мешуд.

«Алҳол ҳукм мавриди амал қарор нагирифта, маҳкумшудагон аз болои он шикоят бурда метавонанд», – зикр кард Нормуҳаммедов.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...