Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мансур Умаров ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд ирсол гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки Фаридун Умаров маҳз аз ҷониби Агентии мазкур боздошт шуда, дар пайи он як гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор гардид, ки ба ҳайати он натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки афсарони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ шомил буданд. Ҳамаи онҳо аз рӯйи парвандаи мазкур ҷавобгӯ хоҳанд буд.
Ба иитилои манбаъ, парванда бо айбдорӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ба суд фиристода шудааст. «Дар ҷараёни тафтишот ҳаҷми зарурии маводи собиткунандаи даст доштани айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ҷамъоварӣ гардид», – гуфт манбаъ.
Пас аз ҳабси Рустам Ҳаитов, пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқбари нашъа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи Умаров ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданд, ки аз қочоқбарон пуштибонӣ мекарданд. Гуруҳи Ҳаитов маводи мухаддиррро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қазоқистон ба Русия интиқол медод.
Муайян карда шуд, ки ба ин гуруҳ афсарони баландрутаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ф.Умаров низ шомил будаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишот сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров низ боздошт гардиданд.
Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, шахсони зикршуда ба ҷуз иштирок дар фаъолияти гуруҳи ҷиноятпеша, ҳамчунин бо ришваи зиёд афроди дар қочоқи маводи нашъаовар дастдоштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекардаанд.