Сардори Раёсати корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ Ҷамшед Сангов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки гумонбар ба қатли хеши президент Холмӯъмин Сафаров аз баёноти қаблан додааш даст накашида, ҳамчунин ӯ мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст.
Ба гуфтаи вай, чанд рӯз қабл онҳо ҳамроҳи прокурори геералӣ дар назди ӯ будаанд ва гумонбаршуда дар ин бора ба онҳо иттилоъ додааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан адвокатҳои айбдоршаванда изҳор карда буданд, ки зерҳимояи онҳо аз баёнотҳое, ки қаблан дар содир намудани ин ҷиноят дода буд, даст кашидааст. Адвокатҳо гуфта буданд, сабаби иқрор шудани гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояти мазкур истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ аз рӯзи нахусти боздошт будааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони хадамоти фаврии шомил ба гурӯҳи тафтишотӣ нисбат ба аҳли оилаи ӯ таҳдидҳо садо додаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) низ нисбати ин қазия изҳори нигаронӣ намуда буд.
Миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз шиканҷа истифода бурдаанд, номи мансабдорони баландпояи ин мақомот низ номбар шуданд. Ба гуфтаи адвокат Шӯҳрат Қудратов, бинии зерҳимояи ӯ шикаста буда, дар ин хусус ӯ ба муфаттиш арз кардааст ва ӯ ваъда додааст, ки тамоми афроди дар назди гумонбаршуда хузурдоштаро бозпурсӣ ва онҳоро бо ҳам рӯ ба рӯ мекунад. Аммо роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Ҷамшед Сангов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки нисбат ба боздоштшуда аз шиканҷа ҳеҷ гуна кор гирифта нашуда, аз ин рӯ, дар ин маврид тафтишот гузаронида намешавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷисми гумонбаршуда ҳеҷ гуна осори ҷароҳату шикаста вуҷуд надорад.
Адвокатҳо ҳамзамон иброз дошта буданд, ки ҷиҳати дидору сӯҳбат бо зерҳимояашон муфаттиш ба онҳо имкон намедиҳад. «То имрӯз ман танҳо ду маротиба ва он ҳам ҳангоми баргузории амалҳои тафтишотӣ бо зерҳимояам вохӯрдам, – гуфт адвокат Шӯҳрат Қудратов. – Барои гуфтугӯи шахсӣ барои ман ҳамагӣ ду-се дақиқа вақт ҷудо карданд». Ба қавли адвокат, ӯ дар ин хусус бо дархост ба прокурори генералӣ муроҷиат кардааст, вале аз он ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. То замони омода сохтани мавод ҳеҷ яке аз адвокатҳо ба дидор бо гумонбаршуда имкон надошт.
Сардори Раёсати корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ дар ин робита гуфт, барои адвокатҳо ҳеҷ маҳдудияте нест ва онҳо метавонанд озодона бо зерҳимояашон мулоқот кунанд. «Ин ҷо гап сари он аст, ки ҳеҷ кас бо дархости имкони дидор бо гумонбаршуда ба ман муроҷиат нкардааст», – гуфт ӯ.
Ҷамшед Сангов ҳамчунин иттилои дарёфт шудани аслиҳаеро, ки аз он Холмӯъмин Сафаров кушта шудааст, низ рад намуд. Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ВАО дар бораи дарёфт шудани таппончаи Макаров, ки аз он хеши президент кушта шудааст, маълумот интишор гардид. Ҷамшед Сангов далели дарёфти таппончаро тасдиқ карда, аммо зикр намуд, ки айни замон ташхиси баллистикӣ ҷараён дорад ва танҳо тибқи натиҷаҳои он метавон дар бораи аз ин аслиҳа қатл шудани марҳум ҳарф зад.
Намояндаи Прокуратураи генералӣ ҳамчунин иттилои ба хешовандони боздоштшуда фишор овардан ва кӯшиши дар ҷиноят шарик кардани онҳоро бепоя хонд. «Онҳо танҳо ба сифати шоҳид пурсида шуда, нисбаташон ҳеҷ гуна амалҳои ғайриқонунӣ сурат нагирифтааст», – иброз дошт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан писари гумонбаршуда ба куштор дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки зимни гирифтани баёнот муфаттиш кӯшиш кардааст, ки ӯро дар содир намудани ҷиноят шарик созад ва гуфтааст, ки онҳо аз ҷойи содир шудани ҷиноят сабти видеоӣ доранд. «Падарам ва тамоми аҳли оилаи мо замони содир гардидани ҷиноят дар хонаамон будем ва инро ҳамсоягони мо низ тасдиқ карда метавонанд», – зикр карда буд писари гумонбаршуда.