Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мурофиаи судии боз як нафари гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки шаби Соли нав сарулибоси Бобои Барфиро ба бар карда буд, оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳр хабар доданд, судшаванда Фирӯз Нарзуллоев чанде баъдтар аз боздошти иштирокчиёни ҷиноят, ки аллакай маҳкум шуданд, дастгир гардид. Ӯ ба гумони дасти доштан дар қатли Давлатбеков таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд.
«Ӯ ба авбошӣ айбдор карда шуда, дар парвандаи мазкур ба сифати шарик ҳузур дорад», – зикр карданд дар суд.
Мурофиаи судии мазкур таҳти раёсати судя Саидҷон Раҷабов ҷараён дорад.
Ёдрас мекунем, ки шаби Соли нав Парвиз Давлатбекови 24-сола бо сарулибоси Бобои Барфӣ мавриди ҳамлаи якчанд ҷавонон гардида, аз захмҳои корд ба ҳалокат расид.
Ба гумонбарӣ дар содир намудани ин ҷиноят якчанд нафар, аз ҷумла як ноболиғ боздошт шуданд. Аввали моҳи май Беҳрӯз Шарифов аз ҷониби суд дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум гардид. Ду нафари дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев ба авбошӣ муттаҳам дониста шуда, ҳар кадоме ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Нафари чоруми гумонбар Ҳасан Абдурашидов дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) ҷаримабандӣ гардид.