Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаш нафар соҳибкорон мутобиқи моддаи 253-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси муассисаи «Шабакаҳои барқи Қӯрғонтеппа» Даврон Ҷалилов хабар дод, дар ҷараёни санҷиш дар ҳафт нонвойхонаву мағоза ва дигар иншоот далелҳои дуздидани барқ ва ҳамчунин пайвасти ғайриқонунии худсаронаи ноқилҳо ба шабакаҳои барқӣ ошкор шудаанд.
«Нисбат ба соҳибони қонуншикани иншооти мазкур ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шуда, ба мақомоти прокуратураи шаҳр ирсол гардид, – гуфт вай. – Дар асоси ин мавод прокуратура нисбат ба шаш нафар соҳибкорон барои расонидани зарари амволӣ ба давлат парвандаи ҷиноӣ боз намуд».
Бино ба маълумоти муовини сардори муассисаи «Шабакаҳои барқии Қӯрғонтеппа» Шералӣ Ширинбеков, дар зарфи 7 моҳи соли равон ба истеъмолгарони муассиса ба маблағи умумии 8 млн. 704,3 ҳазор сомонӣ 92,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Дар ин давра аҳолӣ ба маблағи умумии 4,8 млн. сомонӣ дар ҳаҷми 50 млн. кВт/соат бо нерӯи барқ таъмин гардид.
Ҳаҷми пардохти маблағи истифодаи барқ дар 7 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 82,1% ё худ 7 млн. 150 ҳазор сомониро ташкил дод, аз ин миқдор 3 млн. 831,1 ҳазор сомонӣ (80%) аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардид.