Баррасии шикояти кассатсионӣ ба ҳукми додгоҳ оид ба парвандаи ҷиноӣ, ки дар ВАО бештар ҳамчун «парвандаи 53 нафар истравшаниҳо» маъруф аст, то санаи 10-уми сентябр мавқуф гузошта шуд.
Ин ҷо сухан сари қазияи амали террористӣ дар вилояти Суғд соли 2010 ва айбдории беш аз 50 нафар ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон меравад, ки аксарашон сокинони ноҳияи Истаравшан мебошанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Абдураҳмон Шарифов хабар дод, бар асоси аризаи маҳкумшудагон дар хусуси нисбати онҳо истифода шудани шиканҷаву зӯроварӣ ва дархости баргузории санҷиши беғаразона ва воқеии далелҳои онҳо ҳайати мушовараи касатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди олии ҶТ чунин қарор қабул карда, бо таъиноти худ санҷиши далелҳои маҳкумшудагонро ба дӯш Прокуратураи генералӣ вогузор намудааст.
Шарифов зикр кард, ки аз баёноти маҳкумшудагон бармеояд, ки онҳоро бидуни ҳеҷ асосе пас аз таркиш дар назди бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд боздошт ва ба мақомоти тафтишоти ҷиноӣ овардаанд.
«Маҳкумшудагон дар баёноти худ макони мушаххас ва ному насаби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки нисбати онҳо аз шиканҷаву рафтори бераҳмона кор гирифтаанд, номбар намудаанд ва барои исботи гуфтаҳои худ ба аъзои ҳайати мушовараи кассатсионӣ осори захмҳои ҷароҳат аз шиканҷаро нишон додаанд», – гуфт ҳимоятгар.
Ҳимоятгари дигар Сергей Романов иброз дошт, ки бо итминони комил метавон гуфт, ки аз замони боздошт ба ин маҳкумшудагон ҳуқуқи истифода аз хизматгузории ҳимоятгарон таъмин нашудааст. «38 нафари онҳо гӯё аз хизматгузории ҳимоятгарон расман даст кашида бошанд ва мо инро зери шубҳа мегузорем. Худи айбдоршудагон низ изҳор кардаанд, ки онҳоро барои навиштани ариза дар бораи рад кардани хизматгузории адовкатҳо маҷбур сохтаанд», – таъкид кард Романов.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи аввали баррасии шикоят дар тавқифгоҳи тафтишотии 9/1-и шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳайати мушовараи судӣ шикоят нисбат ба ҳукми панҷ нафар сокинони вилояти Суғд – Фирдавс Каримов, Соҳибҷон Собитов, Исматулло Бобоев, Зафар Каримов ва Акмал Ҳошимовро, ки ба ҳуки ҳабси абад маҳкум шудаанд, баррасӣ кард.
Марҳилаи дуюми кори ҳайати мушовараи судӣ 8-уми август дар бинои тавқифгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд оид ба баррасии шикояти 44 нафар маҳкумшудагон, ки бо ҳалномаи суди зинаи аввал ба муҳлати аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шудаанд, идома меёбад.
Ҳукм оид ба парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо» моҳи декабри соли гузашта содир гардида буд. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан окинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.
Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуданд.
Аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд.