Имрӯз Додгоҳи олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Равшанбек Мирзоаҳмедовро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар шаҳрвандони касбу кори дигар низ ҳузур доштанд, ки ҳар кадоме ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Мурофиаи додгоҳӣ таҳти раёсати додрас Маҳмадалӣ Абдулҳақов доир гардид. Додгоҳ Мирзоаҳмедовро тибқи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо истифода аз мансаби хизматӣ ва сохтакории далелҳо муттаҳам донист.
Қаблан Равшанбек Мирзоаҳмедов дар сухани охирин аз суд дархост намуд, ки бегуноҳиаш эътироф гардида, ӯ аз толори суд озод карда шавад. «Ман ба қонуншиканӣ даст назада, танҳо кори худро ба иҷро расонидам. Дар зарфи ду рӯз бо кӯмаки маълумоти расонидаи ду нафаре, ки ҳамроҳи ман дар курсии ҷавобгарӣ қарор доранд, 145 кило маводи мухаддир мусодира гардид. Гурӯҳи тафтишотӣ чизеро исбот карда натавонист. Ман намефаҳмам, ки барои чӣ маро лозим омад 5 моҳро дар тавқифгоҳи муваққатӣ паси сар намоям», – гуфта буд вай.
Ду нафари дигари айбдоршавандагон аз суд хоҳиш намуда буданд, ки парвандаи ҷиноӣ дубора мавриди бозбинӣ қарор дода шавад, зеро нақши онҳо дар ин ҳолат танҳо ба мусоидат ба АНМН дар мусодираи маводи мухаддир ифода меёбад.
Он замон айбдоркунандаи давлатӣ барои Мирзоаҳмедов 22 сол ва барои ду нафари дигари судшавандагон 18 соли ҳукми зиндонро талаб намуда буд.
Хешовандону дӯстон ва ҳамкорони Мирзоаҳмедов, ки барои дастгирии ӯ қариб дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ ҳузур доштанд, низ тасдиқ намуда буданд, ки айби ӯ бо ягон модда собит нашудааст.
Файзи Олӣ, яке аз ҳимоятгарони Мирзоҳамедов ҳукми додгоҳро ғайримунсифона ва бемаъниву баҳсбарангез арзёбӣ намуд. «Чунин ба назар мерасад, ки Додгоҳи олӣ идомаи мақомоти ҷазодиҳӣ будааст, зеро дар хулосаи айбдорӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов ҳеҷ асосеву заминаи исботи далелҳо ҷой надошт. Парвандаи ҷиноии мазкур масъалаи ҳуқуқии мураккабе буда, сунъӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва агар додгоҳ ҳимоятгари қонуну ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандон бошад, пас ин таҳқири додгоҳ аст. Ба Мирзоаҳмедов, ки муддати 32 сол ба халқу давлат хизмат кардааст, чунин ҳукми сахту баҳсбарангез содир шуд», – иброз дошт ҳимоятгар.
Ҳимоятгар дар идома изҳор кард, ки бо дастрасии нусхаи ҳукм аз болои он ба зинаи кассатсионӣ шикоят бурда хоҳад шуд
Ёдрас мекунем, ки Мирзоаҳмедов аввали моҳи марти соли равон аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт шуда буд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов дар робита ба як чорабинии фаврӣ оид ба мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир боз гардид, ки ба андешаи тафтишот, бо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ сурат гирифтааст. Мурофиаи додгоҳии Равшан Мирзоаҳмедов ва ду нафар шаҳрвандони қатории ҳамроҳи ӯ 18-уми моҳи июли соли равон оғоз гардида буд.