Чанде қабл зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» кормандони мақомоти милиса аз дохили он 4 килову 706 грамм маводи нашъаовари ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашина, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Диловар Ҳайдарови 25-сола ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назли президенти ҶТ полковник Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар зарфи 7 моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 3 тоннаву 524 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22% зиёдтар аст. Дар ин давра аз ҷумла 370 кило маводи нашъаовари сахттаъсири героин ва 440 кило афюн мусодира гардидааст.