Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи далели лату кӯби писари муйчафеде, ки ба нишони эътироз ба рӯи судя кислота пошида буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола хабар дод, парванда барои аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Исфара расонидани зарари ҷисмонӣ ба писари Ҷӯраев оғоз гардидааст.
«Айни замон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, фаъолияти судя Абдуҳамид Давронов санҷида мешавад. Дар шикоятҳои худ ба Агентии зиддифасод ва Прокуратураи генералӣ дар асоси далелҳои мавҷуда ман дархост кардам, ки барои тақаллубкорӣ дар маводҳои судӣ, сохтакории хидматӣ ва порагирӣ нисбати судя Давронов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Дар як вақт ҳамчунин арзу шикоятҳои воридшуда дар бораи қонуншиканиҳои дағалона дар фаъолияти судяи мазкур аз ҷониби дигар шаҳрвандон низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд», – мегӯяд Воҳидова.
Ба қавли ҳимоятгар, дарҳол пас аз ҳодисаи ба рӯи судя кислота пошидан Зиёваддин Ҷӯраев ва писари ӯ аз ҷониби намояндагони суд мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта, қабурғаҳояшон шикаста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми июли соли равон сокини шаҳри Исфара Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола ба ҳуҷраи кории судя Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба нишони эътироз аз ҳукми содирнамудаи ӯ оид ба баҳси замин ба фоидаи ҷиянаш, ба рӯи суд кислота пошид, ки бар асари он 30%-и рӯи судя осеб дид. Ба андешаи коршиносон, бо ин амал марди пиронсол ба беадолатии низоми судии кишвар эътирози худро зоҳир намуд.
Пас аз табобату рухсатӣ аз бемористон судя Давронов бо хоҳиши худ аз мансаб ба истеъфо рафт. Ба вазифаи судяи шаҳри Исфара мутахассиси ҷавон аз ҳисоби судя-коромӯзони Шӯрои адлия Комилҷон Ғаниев таъин гардид.