Чор шаҳрванди Тоҷикистон ба рабудан ва гаравгонгирии ду нафар ҳамдиёрони худ дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд. Аз хешону пайвандони рабудашудагон онҳо 1 млн. рубл барои раҳоии ҳар кадоме талаб кардаанд.
Бино ба
маълумоти
сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, 28 май дар шаҳри Апрелевкаи ноҳияи Наро-Фоминск гумонбаршудагон дар назди яке аз хонаҳо ду тан аз ҳамватанони худро лату кӯб карда, бо автомашина ба самти номаълум мебаранд ва барои раҳоии онҳо 2 млн. рубл талаб мекунанд.
Онҳо ҳамдиёрони худро дар ноҳияи Митиши то 3 июн ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, зимни амалиёти махсус кормандони дастаи зудамали «Булат» гаравгононро озод ва гумонбаршудагонро боздошт мекунад.
Шаҳрванди Тоҷикистон бо хабари рабуда шудани бародар ва шиносаш дар ноҳияи Наро-Фоминск ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.
Дар сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав дар ин робита
иттилоъ дода мешавад
, ки ба мақомоти пулиси вилоят муяссар шудааст, ки дар давоми як шабонарӯз шахсияти гумонаршудагонро муайян ва онҳоро боздошт намояд. Боздоштшудагон сокинони синни аз 22 то 31-солаи Осиёи Марказӣ будаанд, ки ғайриқонунӣ ду нафарро ба асорат гирифта, барои раҳоии онҳо дар ҳаҷми 1 млн. рубл маблағи пулӣ тамаъ кардаанд.