Ҳукумати Тоҷикистон аз авҷи ҷиноятҳо дар остонаи эълони қонуни афви «тиллоӣ» ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ нигаронӣ дорад. Дар ин робита лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳолати ниҳоят махфӣ омода мешавад.
«Тафсилоти муқаррароти қонун махфӣ нигоҳ дошта мешавад, то ки аз он суистифода нашавад, зеро таҷриба гувоҳи он аст, ки вақте лоиҳа пешакӣ интишор мешавад, бархе бо дарки он, ки баъдан мавриди афв қарор мегиранд, даст ба ҷиноят даст мезананд», – хабар дод рӯзи 27 июл зимни нишасти хабарӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент Барно Саидзода.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз бинобар сабаби нигарониҳо аз авҷи имконпазири содир шудани ҷиноятҳо дар кишвар пеш аз афв, лоиҳаи қонун таҳти муҳри «махфӣ» баррасӣ ва таҳияву омода мешавад.