Бар асари ин ҳодиса боз якчанд нафари дигар низ аз силоҳи оташфишон захмӣ шуданд. Раиси ВМКБ ба тақвият додани корҳои тарбиявӣ бо ҷавонон дастур додааст.
Сокини 33-солаи шаҳри Хоруғ Фирӯз Одинашоев тасодуфан дар тирпарронӣ ба ҳалокат расидааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, ӯ дар ин муноқиша миёни ҷавонон ҳузур надошта, дар ҳавлии хонаашон тасодуфан тир ба ӯ омада расидааст.
Ба иттилои манбаъ, айни замон сокини дигари шаҳри Хоруғ Орзу Бойназаров, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар машварати фаврии мақомоти қудратӣ таҳти раёсати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қайд шудааст, ки дар натиҷаи тирпарронӣ боз якчанд тани дигар низ захм бардошта, вале барои кумаки тиббӣ муроҷиат накардаанд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Зиёдулло Азизуллозода, ин муноқишаву занозании дастаҷамъона миёни ҷавонони ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ – «Носири Хусрав» ва «Касалихона» рух додаааст.
Котиби матбуотии раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷамъомад бо иштироки кормандони фаврӣ, аҳли ҷомеа ва фаъолони шаҳр раиси ВМКБ изҳор доштааст, ки аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ қарордошта, беҷазо мондани ҷинояткорон ва сустии корҳои тарбиявӣ миёни гурӯҳҳои ҷудогонаи ҷавонон ба чунин фоҷеаҳо ва баъзан ҳатто беқонуниву бесарусомонӣ боис мегардад.
Шодихон Ҷамшед ба фаъолони шаҳр дастур додааст, ки аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳр ва ҷойҳои издиҳоми мардум боздид намуда, бо сокинон суҳбатҳо гузаронанд.
Қобили зикр аст, ки баъди чунин ҳодисаҳо мақомоти қудратӣ боз сари масъалаи аз ҷониби аҳолӣ нигаҳдории миқдори зиёди аслиҳа бармегарданд. Чанд сол қабл ҳукуматдорон ба мусодираи аслиҳа аз аҳолӣ шурӯъ намуда, танҳо тӯли 5 соли охир, тибқи маълумоти ВКД, аз аҳолии Бадахшон беш аз 1,2 ҳазор адад аслиҳаи оташфишон мусодира шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ бар асари тирпарронӣ дар ноҳияи Рӯшон Бадавлат Кименов 20-сола ҳалок гардида буд. Он замон ВКД дар ин робита иттилоъ дода буд, ки донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарияи ҷисмонӣ баъди ҳамроҳи 8 нафар дӯстонаш лату кӯб кардани ронандаи автомашинаи «Ланд-Крузер» Асрат Ёқубов назди бинои «Тоҷиктелеком» дар Рӯшон кушта шуд.