spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мушкилоти корёбии маҳбусони собиқ дар Хатлон (чандрасонаӣ)

Ҳуқуқи конститутсионии маҳкумшудагони собиқ пас аз адои ҷазо ҳарчи бештар поймол мешавад. Онҳоро бисёр идораву муассисот ба кор гирифтан намехоҳанд. Мавҷудияти доғи судӣ кофист, ки аксари дарҳо ба рӯяшон баста шавад. Дар натиҷа баъзеи онҳо аз бекориву нодорӣ дубора даст ба ҷиноят мезананд.

Аз зиндон озод шуданд. Пасон чӣ?

Ахиран ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қонуни авф ба тасвиб расид, ки зимни татбиқи он ҳудуди 12 ҳазор гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда бо шумули сокинони Хатлон тадриҷан ба озодӣ баромаданду мебароянд. Дар бархе аз иду тантанаҳои солҳои қаблӣ низ чунин иқдом сурат мепазируфт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё масъулон қабл аз роҳандозии чунин иқдоми наҷиб дар хусуси бо ҷойи кор таъмин кардани ин гурӯҳи ҷомеа чӣ тадбир меандешанд?

«Ҷазо»-и пас аз адои ҷазо: «Кор нест!»

Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳайдаралӣ Мирзоев, ки ҳанӯз соли 2013 бо моддаи 247, қисми 2 (қаллобӣ) аз озодӣ маҳрум гардида буд, бо вуҷуди ронанда ва тракторчии хуб будан муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯйи кор аст. Ӯро дар коргоҳи қаблияш – бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам пазируфтан нахостанд. «Барои пайдо кардани кор ба бисёр идораҳо сар халонидам. Мепурсиданд: "Доғи судӣ дорӣ?". Мегуфтам: "Дорам". Ҷавобам медоданд: "Кор нест!". Баҳонаи бисёр пеш меоварданд. Ноилоҷ ки мондам, ҳамроҳи фарзандонам рӯ ба замин ва пахтакорӣ овардам. Саҳми заминамонро аз хоҷагӣ гирифтем. Аммо ин фаъолияти мавсимист. Ҳозир ҳам ҷойи кори доимӣ ёфтан мехоҳам», – афзуд Мирзоев.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нобоварӣ – иллати асосӣ

Бар хилофи вазъи мусоҳиби аввал, Саймуҳаммад Каримов, ки то ҳукми ҳабс дар як мақоми қудратӣ кор мекард, доғи судиашро бардоштааст. Вале бо вуҷуди ин фақат пас аз чандин соли такопӯ тавонист ҷойи коре пайдо кунад, ки эҳтиёҷоти рӯзгорашро андаке қонеъ месозад. «Мехостам дар ҷойи кори қаблиям барқарор шавам, то ин ки аз он ҷо баъди 1-1,5 сол ба нафақа бароям, аммо муваффақ нашудам. Дар "Тоҷиксодиротбонк"-и ноҳияи Бохтар ба ҳайси коргар қабулам карда буданд, лекин баробари фаҳмидани ин ки як бор ҳабс шудаам, озодам карданд ва ҳатто музди меҳнати якмоҳаамро напардохтанд», – гуфт Каримов.

Яку ним сол гузашт, аммо…

Истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар Абдулхалил Назаров ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 зимни суҳбат бо мо аз мушкилоти бекорӣ шиква карда буд. Вай таъминоти аҳли оиларо аз ҳисоби даромади кам ва моҳдармиёни замини наздиҳавлигӣ фароҳам меовардааст. Бо гузашти 18 моҳ воқиф шудем, ки Абдулхалил ҳоло ҳам кордиҳандаеро пайдо карда натавонистааст, то бо камоли эътимод ӯро ба сафи кормандонаш қабул кунад. «Гоҳо Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтам. Пас аз вафоти падар, душвор шудани корёбӣ дар он кишвар ва сабабҳои дигар аз сафар худдорӣ кардам», – иброз дошт ӯ.

МЕДИА (IFRAME)

«Гуноҳи хурд» собиқаи кориро хӯрд

Сокини дигари вилояти Хатлон бо шарти ифшо накардани шахсияташ гила кард, ки бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ, дониши казоӣ, собиқаи кор дар чандин вазорату раёсату бахш бинобар як «гуноҳи хурд» намедонад рӯзии фарзандонашро аз куҷо дастрас созад. «Маро дар Федератсияи Русия барои доштани варақаи қалбакии эмигратсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, 2500 рубл ҷарима карданд, ки онро супоридам. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон шаш моҳ боз ҳамон ҷаримаро доғи судӣ ҳисобида, дар ҳеҷ ҷо ба кор гирифтан намехоҳанд», – тазаккур дод он мард.

Ҳарфи дил: «Шояд кор ёбам»

Дар хусуси корҷӯйӣ аз сафи онҳое, ки дар ҳақиқат донандаи хуби касби худанд, бо якнафарӣ муаллим, табиб, ҳимоятгар, рӯзноманигор ва милиса, ки қаблан бинобар ягон ҷурм маҳкум ба ҷазо шудаанд, суҳбат кардем. Онҳо айни гуфтаҳои болоро такрор карда, ин тақозои ба ҳам монандро бо мо дар миён гузоштанд: «Ному насабамро зикр накун!.. Шояд кор ёбам».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иддаои аҷиб

Дар ҳамин ҳол Зиёдалӣ Насриддинов, муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иддао дорад, ки вақте ба маҳбусони собиқ кор пешниҳод мешавад, баъзеашон хоҳиши фаъолият надоранд ва ҳангоми пешниҳоди омӯзиши ройгони яке аз 32 касб, инро ҳам рад мекунанд. Вай афзуд: «Аз 62 маҳкумшудаи собиқе, ки ба мо муроҷиат карданд, 38 касаш бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд».

МЕДИА (YOUTUBE)

Кӯмак ҳам каму кӯмакдарёфта ҳам

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамзамон ба маҳкумшудагони собиқ кӯмаки молӣ мерасонад, аммо дар сурате ки худашон хоҳиш кунанд.

МЕДИА (IFRAME)

Насриддинов изҳор дошт, ки соли 2016 ниҳодҳои шаҳрию ноҳиявии тобеи онҳо ҳамагӣ ба 62 нафар ба миқдори 250 сомонӣ як, ду ё се бор кӯмак кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ 24 ҳазору 330 сомонӣ кӯмакпулӣ пешниҳод шудааст. Аз ҷумлаи кӯмакдарёфтагон 7 нафараш зан буда, ҳамагӣ 2700 сомонӣ гирифтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иттифоқи касаба ҳамаро ба як чашм мебинад?

«Бисёр вақт маҳбусони собиқ ба мо – масъулони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон муроҷиат мекунанд, то барои бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо мусоидат намоем, – иброз дошт Раҳмоналӣ Давлатов, мудири бахши ҳуқуқи ин ниҳод. – Дар соли гузашта 16 нафар муроҷиат карданд, ки барои 14 касаш ҷойи кор ёфтем. Имсол 21 шахс бо чунин ниёз ба назди мо омаданд. Инҳо афроде ҳастанд, ки то ба маҳкама кашида шудан аъзои иттифоқҳои касаба буданд ва дар ҳама соҳаҳои тараққиёти ҷумҳурӣ кор мекарданд. Аммо новобаста ба он, ки муроҷиаткунандагон аъзои мо ҳастанд ё не, кӯшиш мекунем, то ба онҳо мадад расонем».

Бино ба иттилои ин манбаъ, мутасаддиёни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят имсол ба он муваффақ нашудаанд, ки барои касе аз афроди мавриди назар ҷойи кор ёбанд.

Пайомади бекорӣ: аз ҷиноят то терроризм

Бекорию фақри давомдор чӣ пайомад дошта метавонад? Ба ин суол Мазбут Маҳмудов, саромӯзгори кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав посух гуфт, ки дар баробари бекорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ на ҳар як хонадон истодагарӣ карда метавонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Фишори зиёди оилавӣ ба ҳолати равонии собиқ маҳкумшуда таъсири манфӣ мерасонад. Онҳоро фақат ором кардан кифоя нест, балки барои ёфтани ҷойи кор кӯмакашон кардан даркор. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, он ҷо низ кам қабулашон мекунанд. Аз сабаби пайдо накардани кор ин гурӯҳи мардум худро рондашуда ҳисобида, дар замирашон ҳолатҳои эмотсионалӣ – норозигӣ, хашму ғазаб ба вуҷуд меояд, ки минбаъд фаҳмидаю нофаҳмида боз даст ба ҷиноят, ҳатто ҷинояти вазнин мезананд. Ва мутаассифона, дар таҷриба ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳам шомилшавии баъзеи онҳо мушоҳида шудааст», – изҳор дошт равоншинос.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қонун волотар ё санадҳои дохилии коргоҳ?

«Тибқи моддаи 35-и Конститутсияи ҶТ, ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат дорад, ҳуқуқ дорад касбу ҳунар интихоб кунад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ шудааст. Яъне дар робита ба кор ва меҳнат шахсро фарқгузорӣ кардан бо миллат, ҷинс, мавқеи сиёсӣ ва маҳалли истиқомат куллан мамнуъ аст. Ин талабот дар моддаи 7-и Кодекси меҳнати ҶТ ҳам таъкид шудааст. Тибқи моддаи 210-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ низ маҳбус баъд аз баромадан ба озодӣ ҳуқуқ ба меҳнат дошта, метавонад дар муносибатҳои меҳнатӣ бе ягон маҳдудият иштирок кунад. Аммо дар асл зимни корхоҳии маҳбусони собиқ монеа вуҷуд дорад. Дар чунин ҳолатҳо мақомот на ба қонуну кодексҳои ҷорӣ, балки ба кадом як санадҳои дохилии дорои муҳтавои пӯшида такя мекунанд. Ин муносибат ниёз ба таҷдиди назар дорад», – мегӯяд ҳуқуқшинос Нусратулло Мирзоев.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамзамон Давлат Тағоев, ёвари прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон бо таъйиди ин, ки касе ҳақ надорад, кору касби маҳкумшудагони собиқро рад кунад ё нодида гирад, чунин гуфт: «Бархе аз онҳо кафшергар, рангмол, ронанда ё духтури хубанд. Маҳкум ҳам шуда бошанд, касбу ҳунар доранд, ба озодӣ баромадан пас, дубора кор карда метавонанд. Аз ин тарзи муносибат фоидаи дутарафа ба даст меояд. Яъне ҳам ба шахси озодшудаю аҳли оилааш ва ҳам ба ҷомеа».

Сарфи нерӯ дар роҳи хайр

Дар миёни маҳбаснишастагон афроде низ ҳастанд, ки нони бедардимиён меҷӯянд. Аммо шумори шахсоне, ки аз кирдори худ пушаймон гардида, мехоҳанд барои хонавода ва аҳли ҷомеа фоида оваранд, зиёд аст. Дар ин маврид ақли чорасозе лозим аст, ки бигӯяд: боварашон кунед, корашон диҳед, то нерӯяшонро дар роҳи хайр сарф кунанд.

Навори тасвирии зер оид ба пайомадҳои зиндон ва таъсири он ба вазъи моддию равонии инсон дар таҳияи Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо (PRI).

МЕДИА (YOUTUBE)

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...