Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Қарори суд: қушӯнҳои сарҳадӣ ба Шаҳбол Мирзоев 5 ҳазор доллар пардохт мекунанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қарори суд: қушӯнҳои сарҳадӣ ба Шаҳбол Мирзоев 5 ҳазор доллар пардохт мекунанд

12
12

Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мурофиаи судӣ оид ба таъини ҷубронпулӣ аз рӯи парвандаи сарбози  латукӯбшуда ҳангоми хизмат Шаҳбол Мирзоев ба итмом расид.

Дилшод Ҷӯраев, намояндаи Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоя бо ин қарори суд розӣ набуда, вале пас аз гуфтугӯ бо волидони Шаҳбол доир ба шикоят аз болои ин қарор тасмим гирифта мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки барои хароҷоти марбут ба муолиҷаи Шаҳбол Мирзоев дар вилояти Маскав ба волидони ӯ лозим омадааст, ки аволиашон – хона ва автомашинаашонро фурӯшанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  аз суд дархост намуд,  ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ду қонуни авфи ахир, аз муҳлати ҷазои ӯ камтар аз се сол боқӣ мондааст.

Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...