Давоми ду сол дар артиши Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар сарбозон бо падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дучор шудаанд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барои роҳ додан ба муносибатҳои берун аз оиннома 32 нафар хизматчиёни ҳарбӣ муҷозот шуда, 12 нафари онҳо мавриди авф қарор гирифтаанд.
Дар инфографикаи Эътилоф бо ин масъала муфассалтар шинос шуда метавонед.