Иштирокчии ҳодисаи чанде қабли тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербург Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.
Ӯ автомашинаи «Мерседес» бо рақамҳои дипломатиро идора мекард, ки ба собиқ сафири фахрии Тоҷикистон дар Петербург Маҳмадназар Мирзода тааллуқ дорад. Бо ин автомашина ӯ дар шаҳр тирпарронӣ карда, аз таъқиби кормандони пулис паноҳ бурданӣ шуд.
«Шаҳрванд Асрор Сафоев ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ куҷо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) набуд, – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Палата. – Ӯ ба Палата ҳеҷ муносибате надорад».
Ҳамчунин зикр гардид, ки гузашта аз ин, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон то ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург намояндаи худро надорад.
Қаблан тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса иттилоъ дода буданд, замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.
«Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», – хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.