Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз вилояти Суғд боздид намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷо ӯ як қатор иншооти нави мутааллиқ ба Вазоратро мавриди истифода қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои ёрирасони Раёсати ВКД дар вилоят иштирок кард.
Вазир ҳамчунин бо кормандони масъули мақомоти корҳои дохилии вилоят мулоқот карда, бо онҳо масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018-ро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни ин сафар Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сохтмони бошишгоҳи муосир (казарма) барои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҳусни оғоз бахшид.