spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раисҷумҳур аз ришвахории додрасҳо нигарон аст

Имрӯз, 21-уми ноябр дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот кард. Ҳадафи ин вохӯрӣ таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин мулоқот роҳбарияти Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, раёсатҳои Дастгоҳ, раисони судҳо ва судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Иқтибосҳо аз суханронии раисҷумҳур

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.

Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад. Ин муқаррароти Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоди шаҳрвандонро ба таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо таҳким мебахшад. Кафолати зикршуда инчунин ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ кишвар низ таъсири бевосита мерасонад, зеро соҳибкор бовар дорад, ки ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқҳо ва зарарҳои ба ӯ расонидашуда аз тарафи суди босалоҳият ва беғараз барқарор карда мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани ин кафолати конститутсионӣ тамоми чораҳо андешида шаванд.

Иҷозати ба ҳабси пешакӣ гирифтани шахсони гумонбаршуда ва айбдоршаванда, тавассути дастгоҳҳои алоқа гӯш кардан ва сабти гуфтугӯҳои чунин шахсон, ҳабси муросилот ва хабарҳои телеграфӣ ба салоҳияти судҳо вогузор гардида, дар Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуданд, ки барои баррасии пурра ва ҳаматарафаи парвандаҳои судӣ ва пеш аз ҳама, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд муҳим мебошанд.

Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 485 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад.

Дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти судӣ дар маҷмӯъ беш аз як миллиону 722 ҳазор парвандаи судӣ баррасӣ шудааст. Аз ин шумора 40 ҳазору 500 парванда ба судҳои иқтисодӣ мансуб мебошад.

Инчунин дар давраи солҳои 2009-2019 судҳои умумӣ қариб 95 ҳазор парвандаи ҷиноятиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин шумора 610 парванда нисбат ба 891 нафар ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст, ки 466 адади онҳо аз мақомоти тафтиши пешакӣ ба судҳо бозпас фиристода нашудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби судҳо 635 нафар судшавандагони дар ҳабс қарордошта бо таъини ҷазоҳои ғайриҳабсӣ озод карда шудаанд, ки на ҳамаи ин ҷазоҳо асоснок мебошанд.

Вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо инчунин пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад.

Ба ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо боиси доғдор шудани мақомоти судӣ ва нигаронии роҳбарияти давлату Ҳукумат гардидааст. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз соли 2009 то инҷониб 25 нафар судяҳо (аз ҷумла 1 зан) ва 16 нафар кормандони дастгоҳи судҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд, ки чунин вазъ бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад. Пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, аз ҷумла, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти судӣ мебошад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Таъкид месозам, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия намудани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд.

Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла, 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид ба иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби судяҳо муҳлати баррасии 183 парванда риоя нагардидааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, вале ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Аз ҷониби судҳо таҷрибаи татбиқи ҷазо низ якхела нест. Ин ҳолат аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баръало мушоҳида мешавад, зеро судяҳо дар баъзе ҳолатҳо барои миқдори ками воситаҳои нашъадор ҷазоҳои ошкоро вазнин ё барои муомилоти миқдори махсусан калон ҷазоҳои ошкоро сабук таъин менамоянд.

Дар 10 соли охир аз ҷониби судҳои умумӣ аз ҳисоби боҷи давлатӣ, мусодираи молу мулк, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда ба маблағи як миллиарду 35 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Дар судҳои иқтисодӣ ин маблағ беш аз 6 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ дар солҳои 2017-2018 ва 9 моҳи соли 2019 ба Хадамоти иҷро ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 124 ҳазор ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 5 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз ин шумора 93 200 ҳуҷҷат ба маблағи 480 миллион сомонӣ ё ҳамагӣ 8,6 фоиз ба иҷро расидааст. Яъне беш аз 90 фоизи маблағҳо рӯёнида нашудаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (15)















12 тавсия барои бартараф кардани норасоиҳо

1. Натиҷаи фаъолияти кории ҳар як судяро дар давраҳои муайянгардида мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо нисбат ба онҳо чораҳои пешбининамудаи қонун татбиқ карда шаванд.

2. Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки сабабҳои тағйир ёфтан ва бекоршавии қарорҳои судиро таҳлил карда, барои баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қонуниву асоснок, беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо ва роҳ надодан ба кашолкорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

3. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тавассути ташвиқу таблиғ намудани аҳолӣ ба риояву эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла, кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва истифода аз воситаҳои ахбори умум тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тарзи кор метавонад дар пешгирии ҷиноят ва тарбияи ҳуқуқии мардум бештар таъсиргузор бошад.

4. Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар судҳои кишвар тадбирҳои муассир андешида шаванд.

5. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баррасии асоснок ва қонунии парвандаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро ба роҳ монда, ба шахсони гунаҳгор бо назардошти хусусият ва ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ҷазоҳои одилона таъин карда шаванд.

6. Барои пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд судяҳо бояд бо аҳолӣ ҳарчи бештар суҳбату вохӯриҳо гузаронида, парвандаҳои маъмуриро доир ба ин масъалаҳо бо тартиби пешбининамудаи қонун баррасӣ намоянд.

7. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба баррасӣ ва ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар рӯзҳои муқарраршуда, аз ҷумла, рӯзҳои шанбе аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шавад.

8. Барои баланд бардоштани эътибору обрӯи ҳокимияти судӣ, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, ҷиҳати такмили сохтори Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва тақвияти таъминоти моддиву техникии судҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

9. Бо мақсади таъмин кардани самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риоя ва эҳтироми қонунҳо ва ба маълумоти мардум расонидани ҳолатҳои ба ҷинояту қонуншиканиҳо даст задани шаҳрвандон таҷрибаи дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намудани парвандаҳо густариш дода шавад.

10. Ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои касбии судяҳо ва сайқал додани маҳорату малакаи онҳо эътибори ҷиддӣ дода, бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи ҳуқуқ, донишмандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва Академияи илмҳо барномаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ карда шаванд.

11. Ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо диққати махсус дода, ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.

12. Барои дар доираи талаботи қонун сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои санадҳои судӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...