Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ёддоштеро бо суроға ва рақамҳои телефон барои муроҷиати шаҳрвандон таҳия кардааст.
Агар аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаед, ба мақомоту созмонҳои зерин муроҷиат карда метавонед.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин видеографика оид ба омори муроҷиатҳо вобаста ба истифодаи имконпазири шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар 5 соли охир (2015-2019) омода кардааст.
Ҳар сол даҳҳо нафар аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Танҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯйи моддаи 143, эзоҳи 1 (“Шиканҷа”)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда оғоз карда мешавад.
Қисме аз ҷабрдидагон ва пайвандони қурбониёни шиканҷа аз додани маълумот оид ба ин масъала бо сабаби хавф доштан аз тақдири ояндаашонхуддорӣ мекунанд. Аммо давра ба давра ҳолатҳои шиканҷа маълум мешаванд.
Омори муроҷиат оид ба истифодаи имконпазири шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардидаву аъзои оилаҳои онҳоро дар 5 соли охир метавонед дар ин видеогарафика тамошо кунед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.