Кормандони милитсия шаҳри Душанбе як гурӯҳи 7-нафараи нашъаҷаллобро дастгир ва аз онҳо беш аз 70 кило мухаддирот дарёфту мусодира карданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари ин гурӯҳ Муқим Қурбонов, сокини шаҳри Норак мебошад, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷалоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дар Федератсияи Русия зиндонӣ шудааст.
“Зимни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар шаҳри Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш”, 221 гр “Афюн” ва таблеткаҳои психотропии навъи “МДМА-экстазӣ” дарёфту мусодира гардид”, – омадааст дар хабар.
Дар идомаи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт аъзои дигари ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ Шамсуддин Салимдодов, Сироҷ Назиров, Руҳангез Назиров, Зоир Латифов, Ҳикматулло Боронов ва Доваршо Қаландаров боздошт шуданд. Аз ҳар кадоми онҳо воистаҳои гуногуни нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дарёфту мусодира карда шудааст.
Гурӯҳ хариду фурӯши маводи нашъадорро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Вотсап”, “Имо” ва “Вайбер” ба роҳ монданд. Онҳо ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кишвар машғул буданд.
Дар асоси маводи тафтишотӣ маълум шудааст, ки гурӯҳ бори охир 55 кило воситаи нашъадори сахттаъсири навъи “Ҳероин”-ро 10-уми октябри соли 2019 ба яке аз кишварҳои ИДМ интиқол додааст.
Айни замон нисбат ба аъзои ин гурӯҳ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.