Суди ноҳияи Сино рӯзи 8-уми апрел панҷ сокини вилояти Хатлонро барои майдаавбошӣ дар пойтахт ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс кард.
Ҳафтаи сипаришуда як сокини пойтахт навори муноқишаи гурӯҳи ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол ва дархост кардааст, ки нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки 5-уми апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам» воқеъ дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт нисбат ба якдигар дашномҳои қабеҳ ва муноқиша кардаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пас аз амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафароне, ки дар ин муоқиша ширкат варзиданд, боздошт шуданд.
Аз ҷумла, Комрони Шодмон (соли таваллудаш 1990), Комил Назриев (соли таваллудаш 1991), Сафар Муродов (соли таваллудаш 1975) – сокинони шаҳри Кӯлоб, инчунин Алиҷон Юсуфов (соли таваллудаш 1981) – истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Умедҷон Қурбонов (соли таваллудаш 1985) – сокини ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дастгир шудаанд.
Зимни пурсиш маълум гардид, ки номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша карда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохтанд. Онҳо бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷойи ҷамъиятӣ таҳқиру дашном карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд.
Кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳоро тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ бандубаст кардаву нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Сино фиристоданд. Суд ба афроди мазкур ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.