spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов бо сабаби наомадани додситон ба таъхир афтод

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбат ба рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро ба муҳлати ду рӯз мавқуф гузошт. Мурофиа бояд имрӯз баргузор мешуд, аммо ба 15-уми апрел гузаронида шуд.

Имрӯз дар назди бинои додгоҳ рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва хешону наздикони Далер Шарифов ҷамъ омаданд. Аммо адвокати журналист Абдураҳмон Шарифов хабар дод, ки бинобар ҳузур надоштани прокурор мурофиа баргузор намешавад.

“Бо сабаби номаълум прокурор ҳузур надошт, аз ин рӯ, мурофиаро ба рӯзи 15-уми апрел, соати 10:00 мавқуф гузоштанд. Кушода ё пӯшида баргузор шудани мурофиа ҳоло ҳам маълум набуда, ин ба судя вобаста аст. Ба фикрам, дар ин парванда ҳея як сирри давлатӣ нест”, – қайд кард адвокат.

МЕДИА (IFRAME)

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова низ миёни ҷамъомадагон дар назди бинои суд ҳузур дошт.

“Мо ин ҷо аллакай 2-3 соат истодаем, лекин касе баромада нагуфт, ки мурофиа имрӯз баргузор намешавад. Ин беҳурматӣ нисбат ба мардум ва низоми судӣ аст. Низоми судӣ аз эҳтиром сар мешавад. Ман коршинос нестам, лекин ҳамчун ҳуқуқшинос ба шумо мегӯям, ки чанде аз мақолаҳои Далерро хонда, дар онҳо ҳеҷ гуна аломатҳои ҷиноятро надидам”, – гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Шарифов

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28-уми январи соли равон боздошт ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...