Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро имрӯз, 16-уми июл дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон тавзеҳ доданд.
Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон гуфт, ки аризаи шикоятӣ ба прокуратураи вилоят ворид гардида, аз рӯйи он нисбат ба ронандаи Иноятзода санҷиш оғоз карда шуд. Зимнан маълум гардид, ки Баҳром Иноятзода дар вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб кор карда, аз шаҳрвандон барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони объектҳои ҷашнӣ дар 12 ҳолат ба воситаи зертобеони худ 400 ҳазор сомонӣ талаб карда, пора гирифтааст.
Аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба Иноятзода бо моддаи 319 қисмҳои 3 ва 4 КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
“Дар рафти тафтишоти пешакӣ агар ҳолатҳои нав пайдо шаванд, дар мавриди онҳо низ чораандешӣ мекунем”, – гуфт прокурори вилоят.
Қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба рӯзноманигорон гуфт, нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳабс шудааст, айбномаи нав оид ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаи замин пешниҳод гардид.
Прокурори генералӣ дар нишасти хабарӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш мондани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ рӯзи 8-уми июн раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт карданд.
Тавре маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дода буд, қаблан Хурсандалӣ Хуррамов, ронандаи шахсии Иноятзода рӯзи 27-уми май ва Фирӯз Қурбонов, мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб 3-юми июн бо иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуданд.
“Дар рафти тафтишоти пешакӣ онҳо баёнот додаанд, ки ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб содир кардаанд”, – қайд шудааст дар маълумоти КДАМ.
Ғайр аз ин, таъкид шудааст дар хабар, аз сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр якчанд аризаи шикоятӣ ворид гардида, ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.