Кормандони милитсия ду далели истифода аз кордро дар муноқишаҳо байни шаҳрвандон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе ошкор намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини деҳаи Сабои ноҳияи Шаҳринав ба милитсияи маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шоми 19 декабр як шахси номаълум ба писари 17-солааш бо корд ҳамла ва ӯро захмӣ кардааст.
Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷинояти барқасдона навраси 16-солаи сокини ҳамин деҳа боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ба гумони даст доштан дар расонидаи зарари вазнин ба саломатӣ сокини 62-солаи қаблан маҳкумшудаи пойтахт боздошт шудааст. Гумонбаршуда 20 декабр дар ҳолати мастӣ бо қаровули 66-солаи таваққуфгоҳи мошинҳо ҷанҷол карда, бо корд ба қафаси синааш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.