Муовини сардори ситоди яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар қаламрави шаҳри Исфара майор Беҳзод Раҳимзодаи 33-сола мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ) гунаҳкор эътироф гардид.
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бар асоси маводи видеоӣ ва натиҷаҳои ташхиси тиббӣ майорро айбдор дониста, ӯро ба маблағи 17,4 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ба муҳлати 5 сол аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кард.
Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ Раҳимзода ҳангоми рондани автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кӯчаи Ҷомии шаҳри Исфара боздошта мешавад.
Ташхиси бо талаби кормандони БДА гузаронида тасдиқ мекунад, ки ӯ дар ҳолати сархушии сабук автомашинаро идора мекардааст, хабар дод ба "Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.
Дар мурофиаи судӣ Раҳимзода гуноҳи худро эътироф накарда, изҳор доштааст, ки рӯзи боздошт натиҷаи ташхисро дар ҳолати бехудӣ (аффект) ва асабоният аз бозпурсиҳо имзо кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.