spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суғд: ситондани 6 млн қарзи барқу ҷарима дар 12 рӯз

Тӯли 12 рӯз дар шимоли Тоҷикистон аз муштариёни шабакаҳои барқ 6 млн 721 ҳазору 258 сомонӣ маблағҳои қарзи барқ ситонида шуда, 982 қонунвайронкуниҳо дар кори истифодаи барқ ошкор шудааст.  Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин натиҷаи фаъолияти 89 гуруҳи кории созмонёфта аст, ки ҳадафашон тарғиби сарфакорӣ, ошкоркунии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ ва рӯёнидани қарзи он мебошад.

Як манбаи муътамад аз Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин гурӯҳи созмонёфта аз 10 то 21-уми декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят санҷишҳои вижаро анҷом доданд. Ӯ гуфт, дар натиҷаи ин санҷиш 982 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи нодурусти барқ ошкор шудааст. Аз он 53 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 473 “риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ва 929 ҳолати дигар бо моддаҳои 404 ва 382 “риоя накардани қоидаҳои муҳофизатии шоҳқубурҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ 20 ҳазору 486 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

“Санҷиш дар корхонаву муассисаҳо, хонаҳои баландошёна, навсохт, бозору марказҳои савдо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, нонвойхонаҳо, ҳаммом ва дигар иншоот гузаронида шуд. Ҳолатҳое ҳаст, ки муштариёни барқ дар натиҷаи истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби шабакаҳои барқӣ ҷарима шудаву лекин маблағи онро нозири барқ нарӯёнидааст ва ё қарзҳои барқ боқӣ монда буд, ки ин гуруҳи корӣ онҳоро рӯёнид. Мақсади ягона сарфакорӣ ва истифодаи самараноки барқ аст”.

Аммо ин манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ созмон ёфта буд, дар натиҷаи санҷишҳо ягон ҷиноят дар самти барқрасониву истифодаи онро ошкор накардааст. 

Дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур Ситоди ягонаи байни ниҳодҳо ташкил шудааст, ки истифодаи сарфакорона аз барқро назорат мекунад ва бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ин ситодро вазири корҳои дохилӣ ва дар маҳалҳо раёсату шуъбаҳои ВКД раҳбарӣ мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...