Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон мардеро, ки бераҳмона ҳамсарашро ба қатл расонида буд, ба 24 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июни соли равон ҳангоми дар манзили иҷоравиашон қарор доштан сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алӣ Саидов пас аз муноқиша бо ҳамсараш бо 13 зарбаи корд ба ҷисми зан ӯро бераҳмона кушт.
Охири ҳафтаи гузашта Суди олӣ нисбати Саидов ҳукм содир намуда, ба ӯ ҷазои 24 соли маҳрумият аз озодӣ дар зиндони низомаш шадид ҷазо таъин шуд.
Дар бораи сабабҳои ба ин амали мудҳишона даст задани мард Прокуратураи генералӣ маълумот намедиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.