Кормандони милитсия гумонбарон дар се далели куштори занонро дар Ҳисор, ки аз 22 то 26 декабри соли гузашта содир шуда буданд, боздошт намуданд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 22 декабр сокини 62-солаи деҳаи Лангари Поёни шаҳри Ҳисор дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ҳамсари худ Солеҳа Умедоваро буғӣ карда куштааст.
Ҳодисаи куштори дигар низ бар асари муноқишаи оилавӣ рух дода, сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Баҳриддин Мирзомиддинов аз ғояти рашк ба ҳамсари 34-солаи худ Парвина Тошбекова бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа зан ба ҳалокат мерасад.
Куштори сеюм аз ҷониби сокини 27-солаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор Муҳаммад Одинаев содир шуда, шоми 26 декабр ӯ бо ниқоб барои дуздӣ ба хонаи ҳамсояи худ медарояд.
Одинаев занро буғӣ намуда, кӯшиш мекунад, ки бо ҳамин тарз духтари ноболиғи соҳибхоназанро низ аз ҳаёт маҳрум созад, лекин духтар муқовимат нишон дода, ниқобро аз рӯйи мард меканад ва сипас ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Айни замон ҳамаи гумонбарон дар содир намудани ҷиноятҳои зикргардида боздошт ва аз рӯйи ин далелҳо тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.