Сокини шаҳри Турсунзода Александр Муминов бо маслиҳати модараш аз моҳи март то октябри соли гузашта тағои 70-солаи худ Темур Холмуродовро нигоҳубин мекардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, аммо вақте мефаҳмад, ки тағои бемораш тариқи идораи ногтариалии маҳаллӣ хонаро расман ба номи ҷияни дигараш Семён Муминов, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, васият кардааст, ба ғазаб омада, Холмуродовро мекушад. Семён Муминов додари угайи Александр Муминов мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Александр Муминов дар ҳолати мастӣ аввал марди пиронсолро лату кӯб ва сипас буғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад.
Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода, Александр Муминов ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.