Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар Душанбе нисбат ба 150 нафар ронандагони автомашинаҳои боркаш ки қоидаҳои бехатариро риоя накарда, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ифлос намудани муҳити зист даст задаанд, протокол (санад)-ҳои маъмурӣ тартиб доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, илова бар ин ба роҳбарони 18 иншоотҳои сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии БДА супорида шуданд.
Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳал ва косташавии ҳусни кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ифлосшавии муҳити зист, пешгирии истифодабарии воситаҳои нақлиёти боркашонии бо намуди зоҳирии ифлос, тибқи нақшаи таҳиягардидаи Раёсати ВКД дар пойтахт дар хиёбону кӯчаҳо пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон, эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ ҳамаҷониба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.
Мувофиқи меъёрҳои моддаи 322 КҲВМ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), барои бо нақлиёти автомобилӣ кашонидани борҳои пошхӯранда, ки пардаҳои ҳимоявӣ надорад, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, инчунин риоя накардани тартиби муқарраршудаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ, ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 120 то 180 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.