spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Прокуратураи генералӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи собиқ раиси шаҳри Кӯлобро ифшо намуд

Пас аз ду моҳи эълони ҳукм нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба баъзе паҳлӯҳои ҷузъиёти ин парванда равшанӣ андохт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, аз ҷумла, Баҳром Иноятзода аз 6 майи соли 2019 сари мансаби раиси шаҳри Кӯлоб омада, давоми фаъолият аз мансаби ишғолкардааш суистифода мекардааст.

Тибқи маълумоти прокуратура, барои додани иҷозатноми корҳои сохтмон собиқ раиси шаҳри Кӯлоб аз аз 13 нафар пора гирифта, ғайр аз ин, маблағ ва молу маҳсулоти ба сифати кумаки башардӯстона ҷудошударо азхуд кардааст.

“Бо маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада Иноятзода ба маблағи 2 млн 317 ҳазору 994 сомонӣ дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб Маркази тиббӣ хусусӣ сохтааст”, – қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, инчунин Иноятзода молу амволҳои ғайриманқул, воқеъ дар сӯроғаҳои кӯчаҳои Н.Қарабоев ва А.Ғуломови ш.Душанбе-ро ба даст оварда, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк, онҳоро ба номи шахсони дигар барасмият даровардааст.

“Аммо аз соли 2015 инҷониб дар эъломияҳо оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ ба ғайр даромадҳои аз маоши давлатӣ ба дастовардааш, дигар манбаъҳои даромад ва амволашро пинҳон доштааст”, – омадааст дар маълумот.

Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 ба гумони даст доштан дар порагирӣ дастгир шуд. Моҳи ноябр бо ҳукуми суди вилояти Хатлон ӯ ба содир намудани ҷиноят тибқи 6 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамсари Баҳром Иноятзода дар Кӯлоб даст ба эътироз задааст

Ба Иноятзода бо моддаҳои 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) айбнома пешниҳод гардида буд.

Ҳаммаслакони ӯ – ронандааш Хурсандалӣ Хуррамов ба 8 сол, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукумати Кӯлоб Фирӯз Қурбонов ва хоҷагидори шаҳрдорӣ Хуршед Ашӯрмадов ҳар ду ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Боз як ҳаммаслаки дигари ӯ – боррасон (экспедитор) Муҳаммад Шамсиддинов ба ба маблағи 31 ҳазору 726 сомонӣ ҷарима шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...