Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон карданд. Ҳукми ӯ имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Мақомот Маҳмурод Одинаверо бар асоси ду модда авбошӣ ва даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ парванда карда буданд.
Радиои Озодӣ мегӯяд, ки "Додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, "Худо ҳаст".
Писараш Одинаев Ҳабибулло Ризоевро додгоҳ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кард. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст.
Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбар Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.