Як моҳи охир даҳ нафар шаҳрвандони кишвар аз сӯйи Додситонии кул барои ҳамкорӣ "бо ҷинояткорон ва иғвоангезоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд", дастгир ва ҳабс карда шудаанд. Дар ин бора додситони кули Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ "вақтҳои охир ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҷониби афроди иғвогар ва ҷинояткорони дар хориҷ аз кишварбуда", зиёд шудааст.
“Танҳо дар дохили мамлакат як моҳи охир 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо афроди ҷиноятпеша ва иғвоангез қарор доштанд ва маълумотҳои бардурӯғ, иғвоангезӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ирсол мекарданд, дастгир ва ҳабс карда шуданд”.
Юсуф Раҳмон, ҳамзамон илова кард, ки "дар оянда низ касе, ки ба манфиати хоинони миллат ва бар зидди манфиати мардуми Тоҷикистон кору фаъолият мебарад, шахсияти онҳо ошкор гардида, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд".
Додситони кул илова кард, ки “ин тоифа мехоҳанд бадбахтии соли 1992-ро ба Тоҷикистон оранд ва нооромиҳоро низ ба вуҷуд оранд. Бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, ки мардумро ҷалб кунанд. Вале мо ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳем. Мо ҳамаи роҳ ва воситаи таъсиррасониро андешида истодаем, ки таъсиррасонии ифротии онҳо ба мафкураи мардум камтар шавад. Касоне, ки бо онҳо дар дохил ва беруни мамлакат ҳамкорӣ доранд, мо онҳоро муайян карда истодаем”, – гуфт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.