Сокини шаҳри Хуҷанд Абдурауф Саидов аз рӯйи далели қочоқи 160 адад телефонҳои мобилии тамғаҳои «Samsung Galaxy A10S», «Samsung Galaxy A51», «Redmi Note 8», «Redmi Note 9» ва «Redmi Note 9S» боздошт шудааст.
Телефонҳо бо роҳи кочоқ, яъне бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷҳо ба вилояти Суғд ворид гардида, арзиши умумии онҳо ҳудуди 346 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, телефонҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Нисбат ба Саидов мутобиқи моддаи 289, қ.3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати гунаҳкор эътироф шуданаш, ба ӯ ҷазои то 10 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.