Кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбаронро боздошт намуданд, ки мехостанд миқдори зиёди тилло ва асъори хориҷиро ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароранд.
Ин ҷо сари қочоқи 90 кило тилло ва 15 млн доллар сухан меравад, ки дастандаркорони он охири моҳи ноябри соли гузашта дар фурудгоҳ боздошт шуданд, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 18 феврал сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳмонзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс”.
“Қочоқбарон як миқдор тиллову асъорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, мехостанд минбаъд ба Дубай баранд”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели даст доштан дар қочоқ 7 нафар, аз ҷумла 3 корманди гумрук низ боздошт шудаанд.
“Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад”, – илова кард номбурда.
Аз ифшои ҷузъиёти дигари ин қазия Раҳмоналӣ Раҳмонзода худдорӣ варзид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.