Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт карданд.
"Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи корношоямии яке аз сарбозон, табиб аз волидайни сарбоз 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба Мирзоев муяссар шуд, ки аз модари сарбоз 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 2 ҳазор сомонӣ гирад", – иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.
Гуфта мешавад, духтури ҳарбӣ ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда – 8 ҳазор сомонӣ пора дастгир карда шуд.
Нисбати Мирзоев бар асоси моддаи 324, қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.