Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Ёвон Уразмат Қарақуловро барои куштори ҳамсар ба 22 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукм нисбати Қарақулови 33-сола аз ҷониби додрас Ҳабибулло Сайдализода рӯзи 23 феврал содир шуд. Суд ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд.
Мувофиқи маводи парвандаи ҷиноятӣ ҷанҷол байни ҳамсарон дар заминаи рашк сар задааст. Қарақулов ҳамсарашро дар хиёнат бо амаки худаш Муродалӣ Қарақулов гумонбар медонистааст.
Рӯзи 27 ноябри соли 2020 зимни ҷанҷоли навбатии оилавӣ ҳамсари 33-солаи Қарақулов Бибиҳол Бобоҷонова, ки дар батнаш тифли 2-моҳа доштааст, ба шавҳараш мегӯяд, ки фарзанди батнаш аз ӯ неву аз Муродалӣ Қарақулов аст.
Аз ин гуфта маҳкумшуда ба ғазаб омада, аввал ба рӯйи занаш чанд мушт зада, сипас бо корд ба гарданӣ зан се зарба мезанад, ки дар натиа Бобоҷонова аз захмҳои бардошта ва хунравии зиёд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Додрас Ҳабибулло Саййдализода қайд кард, ки гуноҳи Уразмат Қарақулов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ пурра исбот шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар зиндони ниҳомаш сахт адо мекунад.
Ҳамчунин суд қарор кард, ки се кӯдаки ин оила ба тарбияи бародари марҳум дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.